Бо мақсади иҷрои супоришҳои Пешвои миллат дар паёми имсолаашон оиди дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои инвеститсионӣ дар ҶТ вохӯрии соҳибкорони вилоят бо роҳбарони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва Мақомоти иҷроияи вилояти Суғд баргузор гардид. Зимни баромади худ муовини аввали раиси Кумита Мӯминзода Абдулмаҷид қайд намуд, ки дар баробари дастовардҳо пастравии фаъолнокии соҳибкорӣ ва фазои инвестисионӣ ба назар мерасад. Таъкид гардид, ки 70% маҷмӯи маҳсулоти умумии кишварро маҳз соҳибкорони ватанӣ ташкил медиҳад. Бо ҳамин масад дар ҶТ Қарори ҶТ №95, аз 01.03.2019. «Оиди беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ» қабул гардида, дар доираи 300 рӯзи ислоҳот дар ин самт Нақшаи корӣ тарҳрезӣ шудааст.
Чорабинии имрӯза низ тибқи ин нақша буда, иштироки васеи соҳибкорон дар беҳдошти фазои соҳибкорӣ талаб менамояд. Ҳамзамон дар баромадҳои худ намояндагони ин кумита ва дигар сохторҳои дахлдор масъалаҳои мубрами рӯзро дар ин самт баён намуданд. Аз ҷумла, намояндаи ташкилоти навтаъсиси Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ» Далер Ғуфронов нақшаву вазифаҳои ин сохтори навро барои марҳилаҳои наздик муаррифӣ намуд.
Муовини Раиси вилоят мӯҳтарам Анвар Яқубӣ бо назардошти вазъи кунунии соҳибкорӣ дар вилояти Суғд чораҳои инқилобиро дар самти беҳтар намудани андозбандии соҳа ва танзими тафтишҳои соҳибкорон ибрози ақида намуданд.
Тамоми таклифу пешниҳодоҳои соҳибкорони ҷумҳурӣ ҷамъ карда шуда, ҳар се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ пешниҳод мегардад. Пешниҳодҳои гуногун аз тарафи соҳибкорон ироа гардид, масалан то ҳанӯз баланд будани қарзҳои бонки барои соҳибкории истеҳсолӣ, мушкилоти конвертатсия, гаронии андозҳо ва ғайра.
Маркази матбуот